TSK

TSK · John 12:48

مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.

العودة إلى المقطع

¶ Исо ба онҳо гуфт: «Магар шумо дар навиштаҷот чунин гуфтаҳоро боре ҳам нахондаед: „Он сангеро, ки бинокорон нодаркор ҳисоб карда, як сӯ партофтанд, санги асосии таҳкурсии бино гардид. Ин кори Худованд аст ва ба назарамон аҷиб менамояд“?

Mark 8:31 TSK

¶ Баъд Исо ба шогирдонаш таълим додани онро сар кард, ки Фарзанди Инсон бояд ранҷу азоби зиёде кашад ва пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон аз Вай рӯ мегардонанд ва Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз аз нав зинда мегардад.

Касоне, ки имон биоваранд ва таъмид бигиранд, наҷот меёбанд, вале касоне, ки имон наоваранд, маҳкум мешаванд.

Luke 9:22 TSK

¶ Сипас, суханашро давом дода гуфт: «Фарзанди Инсон бояд бисёр азоб кашад. Пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон аз Вай рӯй мегардонанд. Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз аз нав зинда мегардад».

Ҳар кӣ шуморо, шогирдонам, гӯш кунад, Маро гӯш мекунад ва ҳар кӣ аз шумо рӯй гардонад, аз Ман рӯй мегардонад ва ҳар кӣ аз Ман рӯй гардонад, аз шахсе рӯй мегардонад, ки Маро фиристодааст».

¶ Ӯ ба онҳо нигоҳ карда гуфт: «Пас ин калимаҳои навиштаҷот чӣ маъно доранд: „Он сангеро, ки бинокорон нодаркор ҳисоб карда, як сӯ партофтанд, санги асосии таҳкурсии бино гардид“.

John 5:45 TSK

¶ Гумон накунед, ки Ман шуморо дар пеши Падар айбдор мекунам, айбдоркунандаи шумо Мӯсо аст, ки ба ӯ умед мебандед!