Аммо донаҳои ба замини ҳосилхез афтода онҳоянд, ки каломро мешунаванд ва онро дар дили неку самимиашон нигоҳ дошта, бо сабру тоқат самар ба бор меоваранд.
TSK
TSK · John 15:4
مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.
«Эй Худованд, — ҷавоб дод ба Ӯ Шимъӯни Петрус, — мо ба назди кӣ меравем? Суханони ҳаёти абадӣ аз они туанд.
Дар он рӯз медонед, ки Ман дар Падарам ҳастам ва шумо дар Ман ҳастед ва Ман дар шумо.
Ман дар онҳо ҳастам ва Ту дар Ман ҳастӣ, то онҳо дар ягонагии комил бошанду ҷаҳон бидонад, ки Ту Маро фиристодаӣ ва онҳоро ҳамон тарз дӯст медорӣ, ки Маро дӯст медорӣ.
Аз ин сабаб, вақте ки тоқатам тоқ шуд, ба назди шумо Тимотиюсро фиристодам, то дар бораи имонатон бифаҳмад; мабодо иблиси васвасакор шуморо аз роҳ занад ва тамоми меҳнатамон барбод равад.
Вақте касе мегӯяд, ки ӯ бо Худо аст, бояд ҳамон тавре амал кунад, ки Исо амал мекард.
Ҳар кӣ таълимоти Масеҳро иҷро намекунаду аз ҳадду ҳудуди он мебарояд бо Худо нест. Аммо касе, ки дар ин таълимот мемонад, ҳам бо Падар ва ҳам бо Писар мебошад.