TSK

TSK · John 17:23

مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.

العودة إلى المقطع
John 3:17 TSK

Зеро Худо Писарро на барои ҳукм кардани ҷаҳон фиристод, балки барои он, ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад.

Агар нисбат ба якдигар муҳаббат дошта бошед, ҳама хоҳанд фаҳмид, ки шумо шогирдони Ман ҳастед».

Исо дар ҷавоби ӯ гуфт: «Ҳар кӣ Маро дӯст дорад, каломи Маро риоя мекунад. Он гоҳ Падари Ман ҳам ӯро дӯст медорад. Мо пеши ӯ меоем ва дар наздаш ҷой мегирем.

Бигзор ҳамаи онҳо як шаванд. Бигзор, чӣ тавре ки ту, Падар, дар Ман ҳастӣ ва Ман дар Ту ҳастам, онҳо низ дар мо бошанд, то ҷаҳон имон оварад, ки Маро Ту фиристодаӣ.

Ман ба онҳо Туро ошкор кардам ва боз ҳам ошкор мекунам, то он муҳаббате, ки Ту нисбат ба Ман дорӣ, дар онҳо низ бошад ва Ман ҳам дар онҳо бошам».

¶ Бинед, ки Падар чӣ қадар моро дӯст доштааст, ки мо фарзандони Ӯ номида мешавем ва ҳам фарзандони Ӯ ҳастем. Сабабе, ки ҷаҳон моро намешиносад дар он аст, ки он Худоро нашинохт.

Мо барои он муҳаббат нишон медиҳем, чунки аввал Худо моро дӯст доштааст.