Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Ӯ Яҳёи Таъмиддиҳанда аст, қисми дигари одамон мегӯяд, ки Илёс ё Ирмиё ва ё яке аз дигар пайғамбарони гузашта омадааст».
TSK
TSK · Mark 6:15
مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.
Мардуме, ки аз пайи Исо меомаданд, ҷавоб медоданд, ки ин Исо пайғамбар аз шаҳри Носираи вилояти Ҷалил аст.
¶ Исо ҷавоб дод: «Дуруст, аввал Илёс омада, ҳама чизро барқарор мекунад. Вале Фарзанди Инсон, чунон ки дар борааш навишта шудааст, азоб кашида, хору зор мегардад.
Вай ҳам мисли Илёс пайғамбар дар рӯҳ ва қудрат пешопеши Худованд қадам мезанад, то ки дилҳои падаронро ба фарзандонашон наздик карда, саркашонро ба ҳикмати накӯкорон орад ва бо ин роҳ барои Худованд халқро тайёр кунад».
Инро дида, фарисие, ки Исоро даъват карда буд, чунин фикрро аз дил гузаронд: «Агар ин мард дар ҳақиқат пайғамбар мебуд, мефаҳмид, ки ин зан чӣ гуна аст. Чун зане, ки ҳоло ба Ӯ даст мерасонад, гунаҳкор аст»!
Дар ҷавоб гуфтанд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Шумо Яҳёи Таъмиддиҳанда ҳастед, баъзеи дигарашон фикр мекунанд, ки Шумо Илёс ҳастед ва дигарон мегӯянд, ки яке аз пайғамбарони қадим зинда шудааст».
ки аз ӯ пурсиданд: «Модоме ки шумо на Таъиншудаи Худо, на Илёс ва на ҳамон пайғамбаре ҳастед, ки дар мунтазираш ҳастем, пас чаро мардумро таъмид медиҳед?»
¶ Баъзе аз мардум суханони Ӯро шунида гуфтанд: «Ин одам дар ҳақиқат ҳамон пайғамбарест, ки мо мунтазираш будем!»