TSK

TSK · Matthew 13:41

مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.

العودة إلى المقطع

Ҳангоме ки рӯзи ҷавобдиҳӣ фаро мерасад, мардуми зиёд ба Ман мегӯянд: „Эй Худованд! Магар мо аз номи Ту пайғоми Худоро ба одамон эълон намекардем? Магар аз номи Ту девҳоро намерондем ва магар аз номи Ту бисёр мӯъҷизаҳоро нишон намедодем?“

¶ Дар охирзамон низ ҳамин тавр рӯй медиҳад: фариштаҳо баромада, одамони бадкирдорро аз байни накӯкорон ҷудо мекунанд.

Фарзанди Инсон фариштаҳои худро бо садои баланди карнай барои аз ҳар гӯшаву канори дунё ҷамъ кардани интихобкардагонаш мефиристад.

Он вақт шумо мегӯед: „Мо ҳамроҳи ту мехӯрдему менӯшидем. Ту дар кӯчаҳои мо мардумро таълим медодӣ“.