TSK

TSK · John 10:27

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Back to passage

¶ Он гоҳ Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ҳар каси шумо, ки пайрави Ман шудан хоҳад, бояд аз манфиатҳои худ даст кашида, салиби азобу маргашро бардошта барад ва он гоҳ Маро пайравӣ кунад.

Аммо ӯ дар ҷавоб ба онҳо мегӯяд: „Ба ростӣ мегӯям, ки шуморо намешиносам“.

¶ Исо ба ӯ бо нигоҳи гарму пурмеҳр гуфт: «Ба ту фақат як чиз намерасад: бирав, ҳар чӣ, ки дорӣ, бифурӯш ва пулашро ба бечорагон тақсим бикун, он гоҳ соҳиби ганҷинаи осмонӣ мегардӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо».

Вале ӯ ба шумо ҷавоб хоҳад дод: „Ман намедонам шумо аз куҷо ҳастед, дур шавед аз ман, эй ҳамаи бадкорон!“

John 8:12 TSK

¶ Исо боз ба мардум гуфт: «Ман нури ҷаҳон ҳастам. Касе, ки аз паси Ман меравад, дар торикӣ намегардад, балки нури ҳаёт бо ӯст».

John 10:3 TSK

Дарвозабон дарро барои ӯ мекушояд ва гӯсфандон садои ӯро мешунаванд. Ӯ гӯсфандони худро ном ба ном фарёд карда, берун мебарорад.

14–15 Ман чӯпони нек ҳастам ва чӣ тавре ки Падар Маро мешиносаду Ман Падарро мешиносам, ҳамон тавр Ман гӯсфандони худро мешиносаму онҳо Маро мешиносанд. Ман ҷони худро барои гӯсфандон фидо мекунам.

Ҳар кӣ ба Ман хизмат кунад, бояд аз пасам ояд ва ҳар ҷое, ки Ман ҳастам, хизматгорам низ ҳамон ҷо мешавад. Касеро, ки ба Ман хизмат кунад, Падарам сарфароз менамояд.