¶ Исо ба тамоми вилояти Ҷалил рафта, дар ибодатхонаҳо мардумро таълим медод, хабари хушро дар бораи подшоҳии Худо эълон мекард ва ба ҳар дарду бемории одамон шифо мебахшид.
TSK
TSK · John 18:20
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
¶ Исо ба Хонаи Худо баргашта, машғули таълимдиҳӣ шуд, ки сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм ба наздаш омада пурсиданд: «Ту бо кадом ҳуқуқ чунин корҳоро мекунӣ? Кӣ ба Ту ин ҳаққу ҳуқуқро додааст?»
¶ Баъд Исо ба он тӯдаи одамон гуфт: «Шумо магар Маро роҳзан гумон мебаред, ки барои дастгир карданам бо таёқу шамшерҳо омадаед? Ман ҳар рӯз дар Хонаи Худо нишаста таълим медодам, аммо шумо Маро дастгир намекардед.
Ӯ дар ибодатхонаҳо мардумро таълим медод ва ҳама Исоро ситоиш мекарданд.
¶ Рӯзе, вақте ки Исо дар ҳавлии Хонаи Худо мардумро таълим дода, хабари хушро эълон мекард, ба наздаш сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва пирони қавм омада
Зеро касе ки шӯҳрат пайдо кардан мехоҳад, корҳои худро дар пинҳонӣ намекунад. Ту, ки ин гуна корҳоро мекунӣ, худро ба ҷаҳон ошкор намо»
Бинед, Ӯ рӯйирост таълим медиҳад ва касе ба Ӯ чизе намегӯяд. Наход ҳукуматдорон фаҳмида бошанд, ки Ӯ ҳақиқатан Таъиншудаи Худо аст?
Саҳарии барвақт Ӯ боз ба Хонаи Худо омад. Тамоми мардум ба наздаш омаданд ва Ӯ нишаста ба таълим додани онҳо шурӯъ кард.