TSK

TSK · John 20:19

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Back to passage

Агар он хонадон шуморо нағз қабул кунад, барояшон баракат талаб кунед, дар акси ҳол, бигузор баракататон ба худатон баргардад.

¶ Дар охир Исо ба он ёздаҳ шогирдаш, дар вақти хӯрок хӯрданашон, зоҳир шуд ва онҳоро ба сабаби беимонӣ ва якравиашон сарзаниш кард, зеро ба суханони касоне, ки Ӯро баъд аз марг зинда дида буданд, бовар накарданд.

John 7:13 TSK

Аммо ҳама аз роҳбарони яҳудиён тарсида, ошкоро дар бораи Ӯ сухане ҳам ба забон намегирифтанд.

¶ Ман оромиро бо шумо мемонам, оромии худамро ба шумо медиҳам. Ман онро ба шумо на ба он тавре медиҳам, ки ҷаҳон медиҳад. Ғаму ғуссаро аз дилҳоятон дур кунеду ҳаросон нашавед!

Ман ин чизҳоро ба шумо гуфтам, то ки шумо дар Ман оромӣ пайдо кунед. Дар дунё шуморо азобу уқубат интизор аст, вале шумо мардонагиро аз даст надиҳед: Ман бар ин ҷаҳон ғолиб шудаам!»

¶ Баъд аз як ҳафта шогирдон боз ҷамъ омаданд ва Тумо ҳам ҳамроҳи онҳо буд. Дар баста буд, вале Исо омада, дар миёни онҳо истоду гуфт: «Ба шумо оромӣ мехоҳам!»