TSK

TSK · John 10:18

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча

Ё ба фикрат Ман аз Падарам мадад талаб карда наметавонам? Агар талаб кунам, Вай дарҳол зиёдтар аз дувоздаҳ лашкари фариштагонро мефиристад.

John 5:30 TSK

¶ Ман наметавонам ба ихтиёри худ кореро иҷро кунам: Ман он чӣ бишнавам, ҳамон тавр ҳукм мекунам ва ҳукми Ман одилона аст, зеро Ман на хости худамро, балки хости фиристандаамро иҷро кардан мехоҳам.

¶ Ман чӯпони нек ҳастам. Чӯпони нек ҷони худро барои гӯсфандон фидо мекунад.

¶ Падар барои он Маро дӯст медорад, ки Ман ҷони худро фидо мекунам, то боз онро ба даст оварам.

Айнан чӣ тавре ки Ман фармонҳои Падарамро иҷро кардаму дар муҳаббаташ мондам, шумо низ агар фармонҳои Маро иҷро кунед, дар муҳаббати Ман мемонед.

Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Агар ба ту аз боло қудрат дода намешуд, ту бар Ман ҳеҷ қудрат дошта наметавонистӣ. Бинобар ин касе, ки Маро ба ту таслим кардааст, гуноҳи бузургтаре дорад».