TSK

TSK · John 14:16

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча
John 4:14 TSK

Аммо ҳар кӣ аз обе, ки Ман ба ӯ медиҳам, бинӯшад, ҳеҷ гоҳ ташна нахоҳад шуд. Обе, ки Ман ба ӯ медиҳам, аз даруни ӯ мисли ҷорӣ шудани оби ҳаёти абадӣ мешавад».

¶ Ман шуморо бепарастор намегузорам: боз ба назди шумо бармегардам.

¶ Вале, вақте Мададгоре, ки Ман аз ҷониби Падар Ӯро назди шумо мефиристам, меояд, яъне Рӯҳи ростӣ, ки аз Падар мебарояд, дар бораи Ман шаҳодат медиҳад.

Инак, шумо ҳам ҳоло ғамгин ҳастед, аммо Ман шуморо боз мебинам ва дилҳои шумо аз шодӣ пур мешаванд ва он шодиро ҳеҷ кас аз шумо гирифта наметавонад.

John 17:9 TSK

¶ Ман барои онҳо дуо мекунам. Ман на барои ҷаҳон, балки барои онҳое дуо мекунам, ки Ту ба Ман додаӣ, чунки онҳо аз они туанд.

¶ Ман на фақат барои онҳо дуо мекунам, балки барои касоне ҳам, ки ба воситаи суханони онҳо ба Ман имон меоваранд.