TSK

TSK · John 14:20

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча

Лекин, агар Ман онҳоро ба амал оварам, ҳарчанд ба Ман имон наоваред ҳам, ба корҳои Ман имон оваред, то бидонед ва бифаҳмед, ки Падар дар Ман аст ва Ман дар Падар ҳастам».

John 15:5 TSK

Ман ток ҳастам ва шумо шохаҳо ҳастед. Танҳо онҳое, ки дар Ман ҳастанд ва Ман дар онҳо ҳастам, ҳосили фаровон ба бор меоваранд, чунки бе Ман шумо ҳеҷ коре карда наметавонед.

Дар он рӯз бо номи Ман аз Ӯ талаб мекунед. Ман намегӯям, ки барои шумо аз Падар талаб мекунам,

Ман дигар дар ин ҷаҳон нестам, балки пеши Ту меравам, вале онҳо дар ин ҷаҳон мемонанд. Эй Падари Муқаддас, бо қудрати номи худ, ки Ту ба Ман додаӣ, онҳоро муҳофизат бикун, то онҳо як бошанд, чунон ки Ману Ту бо ҳам як ҳастем.

Ман ба онҳо Туро ошкор кардам ва боз ҳам ошкор мекунам, то он муҳаббате, ки Ту нисбат ба Ман дорӣ, дар онҳо низ бошад ва Ман ҳам дар онҳо бошам».