TSK

TSK · John 6:70

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Бозгашт ба порча

¶ Исо ба наздаш дувоздаҳ шогирдашро даъват карда, ба онҳо қудрат дод, ки рӯҳҳои нопокро берун кунанд ва ҳар дарду касалии одамонро шифо диҳанд.

John 6:64 TSK

Аммо дар байни шумо шахсоне ҳам ҳастанд, ки имон намеоваранд». (Исо аз аввал медонист, ки ба Ӯ кӣ имон наовардааст ва кӣ дар ҳаққи Ӯ хиёнат мекунад).

John 13:2 TSK

¶ 2–3 Иблис аллакай ба дили Яҳудои писари Шимъӯни Исқарют фикри дар ҳаққи Исо хиёнат карданро ҷо карда буд. Исо медонист, ки Падар ҳама чизро ба дасти Ӯ супоридааст ва Ӯ аз ҷониби Худо омада, ба пеши Худо бармегардад. Аз ин рӯ, ҳангоми хӯроки шом

¶ Инро гуфта, Исо сахт безобита шуду эълон кард: «Ба шумо рост мегӯям, яке аз шумо ба Ман хиёнат мекунад».

Шумо Маро интихоб накардаед, балки Ман шуморо интихоб карда, таъин намудаам, ки рафта мева биёред ва мевае, ки то абад мемонад. Инак, ҳар чи ба номи Ман аз Падар талаб кунед, Ӯ ба шумо бидиҳад.

То вақте ки Ман бо онҳо будам, онҳоро бо қудрати номи ту, ки ба Ман бахшидаӣ, муҳофизат ва нигаҳбонӣ кардам. Аз онҳо касе ҳам ҳалок нашуд, ғайр аз як нафар, ки бояд ҳалок мешуд, то гуфтаҳои навиштаҷот ба амал оянд.