8–9 Ҳатто фикр накунед, ки ба сабаби аз насли Иброҳим буданатон, ҷазо намебинед. Зеро ба шумо мегӯям, ки Худо аз ҳамин сангҳо барои Иброҳим насл ба вуҷуд оварда метавонад. Пас, чун дарахти мевадоре, ки меваи хуб медиҳад, дар амал нишон диҳед, ки ҳақиқатан тавба кардаед.
TSK
TSK · Matthew 9:13
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
¶ Аҳолии шаҳрҳое, ки дар он Исо мӯъҷизоти зиёд нишон дода буд, тавба накарданд ва аз гуноҳҳояшон даст накашиданд. Бинобар ин Исо онҳоро таъна зада гуфт:
Ё наход дар шариати Мӯсо нахонда бошед, ки рӯҳониён ҳангоми дар Хонаи Худо иҷро кардани вазифаҳои худ, қоидаҳои рӯзи истироҳатро вайрон мекунанд, вале айбдор ҳисоб намешаванд?
¶ 10–11 Ӯ суханашро давом дода гуфт: «Эҳтиёт бошед, ки ҳатто бо яке аз пайравони хурдтаринам хунукназарона рафтор накунед, зеро ба шумо мегӯям, ки фариштаҳои нигаҳбони онҳо ҳамеша дар назди Падари осмониам ҳузур дошта метавонанд.
¶ Исо суханашро давом дода гуфт: «Дар бораи ин ҳикоя чӣ фикр доред? Марде ду писар доштааст. Рӯзе вай пеши писари калониаш омада мегӯяд: „Писарам, имрӯз ба токзор рафта кор кун“.
Дар бораи аз нав зиндашавии мурдагон бошад, магар гуфтаҳои Худоро боре ҳам нахондаед, ки гуфтааст:
Вале дар бораи зинда шудани мурдаҳо магар аз китоби Мӯсо дар бораи ҳодиса бо бутта нахондаед, ки чӣ тавр Худо ба Мӯсо гуфтааст: „Ман Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Ёқуб ҳастам“.
Исо ҳам аз вай пурсид: «Дар шариат чӣ навишта шудааст? Шумо аз он ҷо чӣ мехонед?»
Зеро Фарзанди Инсон барои он омадааст, ки гумроҳшударо кофта ёбаду наҷот диҳад».
Исо ҷавоб дод: «Магар дар шариати шумо навишта нашудааст: „Ман мегӯям, ки шумо худоён ҳастед?“