¶ Падарам ҳама чизро ба Ман додааст. Ба ғайр аз Падар дигар ҳеҷ кас Писарро нағз намешиносад. Инчунин, Падарро ҳеҷ кас нағз намешиносад, ғайр аз Писар ва онҳое, ки Писар интихоб кардааст, то барояшон Падарро зоҳир кунад.
TSK
TSK · 1 John 2:13
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
киштзор ин ҷаҳон аст; донаҳои гандум одамони аз они подшоҳии Худо ҳастанд; алафи бегона бошад, одамони аз они Шахси Бад ҳастанд;
Бинобар ин онҳо пурсиданд: «Падари Ту куҷост?» «Шумо на Маро ва на Падарамро мешиносед, — ҷавоб дод Исо. — Агар шумо Маро мешинохтед, Падари Маро низ мешинохтед».
Модоме ки шумо Маро мешиносед, Падарамро ҳам мешиносед. Аз имрӯз эътиборан шумо Ӯро мешиносед ва ҳатто Ӯро дидаед!»
Онҳо аз сабаби он чунин рафтор мекунанд, ки на Падар ва на Маро мешиносанд.
Бигзор ҳамаи онҳо як шаванд. Бигзор, чӣ тавре ки ту, Падар, дар Ман ҳастӣ ва Ман дар Ту ҳастам, онҳо низ дар мо бошанд, то ҷаҳон имон оварад, ки Маро Ту фиристодаӣ.
¶ Мо ба шумо дар бораи Каломи ҳаёт эълон мекунем, ки Ӯ аз ибтидо буд. Мо Ӯро шунидему бо чашмони худ дидем, инчунин ба Ӯ нигоҳ кардему ба Ӯ даст расондем.
¶ Агар мо ба фармонҳои Худо итоат кунем, он гоҳ боварӣ дошта метавонем, ки Ӯро ба ростӣ шинохтаем.
¶ Эй падарон, ман ба шумо менависам, чунки шумо ҳамонеро, ки аз ибтидо вуҷуд дорад, мешиносед. Эй ҷавонон, ман ба шумо менависам, чунки шумо боқувват ҳастед ва каломи Худо дар шумо ҳамеша натиҷабахш аст, инчунин шумо бар Шахси Бад ғолиб баромадаед.
Фарзандони азиз, шумо аз они Худо ҳастед, бинобар ин Касе, ки дар дохили шумо ҳаст, бузургтар аз онест, ки дар ҷаҳон мебошад. Пас шумо пайғамбарони бардурӯғро мағлуб сохтаед.
Мо медонем, ҳар касе ки аз Худо таваллуди нав ёфтааст, гуноҳ карданро давом намедиҳад, балки Писари Худо онҳоро эҳтиёт мекунад ва Шахси Бад ба онҳо даст расонда наметавонад.