1 John 2:1
TSK
¶ 1–2 Эй фарзандони азизам, ин суханонро ман барои он ба шумо менависам, то ки гуноҳ содир накунед. Вале вақте касе гуноҳ кунад, мо Исои Масеҳи беайбро дорем, ки ҳоло дар пеши Падари Осмонӣ моро тарафдорӣ мекунад. Ӯ барои ором кардани ғазаби Худо ва бахшида шудани гуноҳҳои мо ва нафақат барои гуноҳҳои мо, балки барои гуноҳҳои тамоми ҷаҳон ҷони худро фидо кардааст.