TSK

TSK · James 1:4

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Back to passage

Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳама шуморо бад мебинанд. Вале агар шумо то ба охир расидани азобу уқубатҳо ба Ман вафодор монед, наҷот хоҳед ёфт.

¶ Исо ба ӯ бо нигоҳи гарму пурмеҳр гуфт: «Ба ту фақат як чиз намерасад: бирав, ҳар чӣ, ки дорӣ, бифурӯш ва пулашро ба бечорагон тақсим бикун, он гоҳ соҳиби ганҷинаи осмонӣ мегардӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо».

Исо инро шунида гуфт: «Ба ту фақат як чиз намерасад. Ҳар он чизеро, ки дорӣ, фурӯхта, ба бечорагон бидеҳ. Он гоҳ соҳиби мукофоти осмонӣ мегардӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо».

Ман дар онҳо ҳастам ва Ту дар Ман ҳастӣ, то онҳо дар ягонагии комил бошанду ҷаҳон бидонад, ки Ту Маро фиристодаӣ ва онҳоро ҳамон тарз дӯст медорӣ, ки Маро дӯст медорӣ.

James 3:2 TSK

Чун ҳама дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт пешпо мехӯранд, аммо касе, ки дар сухан ҳеҷ хато намекунад, шахси комил аст ва тамоми баданашро ҳам идора карда метавонад.

¶ Муҳаббати Худо дар мо ба ҳадди комил расидааст, то ки мо дар рӯзи ҷазо бо сари бардошта истода тавонем, чунки мо дар ин ҷаҳон монанди Ӯ ҳастем.