„Офарин, хизматгори неку вафодорам, — таъриф мекунад ӯро хоҷааш. — Ту дар иҷрои вазифаи хурд вафодориатро нишон додӣ, пас ба ту вазифаи калонро боварӣ мекунам. Биё, ба хурсандии ман шарик шав!“
TSK
TSK · John 12:26
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
¶ Чаро ба Ман „Худовандо! Худовандо!“ мегӯед, вале гуфтаҳоямро иҷро намекунед?
Гӯсфандони Ман овози Маро мешунаванд. Ман онҳоро мешиносам ва онҳо аз паси Ман меоянд.
Вақте ки Ман меравам ва барои шумо ҷой тайёр мекунам, баргашта, шуморо пеши худ мебарам, то дар ҷое, ки Ман ҳастам, шумо ҳам бошед.
¶ Ҳар кӣ бо фармонҳои Ман розӣ шаваду онҳоро иҷро кунад, вай касест, ки Маро дӯст медорад ва ҳар кӣ Маро дӯст дорад, ӯро Падари Ман ҳам дӯст медорад. Ман низ ӯро дӯст медорам ва худро ба ӯ ошкор мекунам».
¶ Эй Падар, мехоҳам, онҳое ҳам, ки Ту ба Ман бахшидаӣ, ҳамроҳи Ман дар он ҷое бошанд, ки Ман мешавам ва он шӯҳрату ҷалолеро бубинанд, ки Ту ба Ман додаӣ, зеро Ту Маро пеш аз офариниши олам дӯст дошта будӣ.
¶ Ман, Яҳудо, бандаи Исои Масеҳ ва бародари Яъқуб ҳастам. Ба даъватшудагон, ки дар Худо Падар муҳаббат пайдо намуда, дар паноҳи Исои Масеҳ мебошанд,