Сипас аз осмон нидое омад: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз Ӯ хеле хушнудам».
TSK
TSK · John 12:28
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
¶ Бори дигар Вай каме дуртар рафта дуо кард: «Падарҷонам, агар ғайр аз косаи азобро нӯшидан бароям дигар илоҷе набошад, пас, бигзор иродаи Ту иҷро шавад».
Баъд абре пайдо шуда, онҳоро бо сояаш фаро гирифт ва овозе аз он шунида шуд: «Ин Писари азизи Ман аст, суханони Ӯро гӯш кунед».
Рӯҳи Муқаддас дар шакли кабӯтаре фаромада, дар болои Ӯ қарор гирифт ва садое аз осмон баромад, ки мегуфт: «Ту Писари азизи Ман ҳастӣ ва Ман аз Ту хушнудам!»
Исо дар ҷавоб гуфт: «На аз барои гуноҳи худаш ва на аз барои гуноҳи падару модараш. Кӯрии вай барои он аст, ки корҳои Худо дар ҳаёти вай нишон дода шаванд.
Исо ба ӯ гуфт: «Магар Ман ба ту нагуфта будам, ки агар имон оварӣ, шӯҳрату ҷалоли Худоро хоҳӣ дид?»
Исо ба Петрус гуфт, ки шамшерашро ба ғилофаш андозад. Инчунин илова кард: «Наход, ки аз косаи азобе, ки Падарам барои Ман додааст, нанӯшам?»