TSK

TSK · John 17:21

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Back to passage
John 3:17 TSK

Зеро Худо Писарро на барои ҳукм кардани ҷаҳон фиристод, балки барои он, ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад.

Ман гӯсфандони дигаре ҳам дорам, ки аз ин оғил нестанд; Ман бояд онҳоро низ биёрам. Онҳо ба овози Ман гӯш мекунанд ва он гоҳ як рама бо як чӯпон хоҳад шуд!

Лекин, агар Ман онҳоро ба амал оварам, ҳарчанд ба Ман имон наоваред ҳам, ба корҳои Ман имон оваред, то бидонед ва бифаҳмед, ки Падар дар Ман аст ва Ман дар Падар ҳастам».

Агар нисбат ба якдигар муҳаббат дошта бошед, ҳама хоҳанд фаҳмид, ки шумо шогирдони Ман ҳастед».

John 17:3 TSK

Ва ҳаёти абадӣ ин аст, ки Туро, Худои ягонаи ҳақиқӣ ва Исои Масеҳро, ки Ту фиристодаӣ, шиносанд.

Ман дигар дар ин ҷаҳон нестам, балки пеши Ту меравам, вале онҳо дар ин ҷаҳон мемонанд. Эй Падари Муқаддас, бо қудрати номи худ, ки Ту ба Ман додаӣ, онҳоро муҳофизат бикун, то онҳо як бошанд, чунон ки Ману Ту бо ҳам як ҳастем.

Ман ба онҳо ҳамон шӯҳрату ҷалолеро додаам, ки Ту ба Ман додаӣ, то онҳо як бошанд, чунон ки Ману Ту як ҳастем.

Зеро се шоҳид аст, ки шаҳодат медиҳад: