TSK

TSK · John 17:24

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Back to passage

„Офарин, хизматгори неку вафодорам, — таъриф мекунад ӯро хоҷааш. — Ту дар иҷрои вазифаи хурд вафодориатро нишон додӣ, пас ба ту вазифаи калонро боварӣ мекунам. Биё, ба хурсандии ман шарик шав!“

Ба шумо мегӯям, акнун Ман аз меваи нави токи ангур ҳамроҳи шумо фақат дар подшоҳии Падарам хоҳам нӯшид, лекин то он рӯз ҳаргиз наменӯшам».

Шумо ҳамроҳам аз озмоишҳои Ман гузаштед

John 1:14 TSK

¶ Инак, Калом инсон шуд ва дар миёни мо истиқомат дошт. Мо шӯҳрату ҷалоли Ӯро дидем, ки мисли ҷалоли фарзанди ягонаи Падар пур аз марҳамату ростӣ буд.

John 14:3 TSK

Вақте ки Ман меравам ва барои шумо ҷой тайёр мекунам, баргашта, шуморо пеши худ мебарам, то дар ҷое, ки Ман ҳастам, шумо ҳам бошед.

Азизон, мо ҳоло фарзандони Худо ҳастем ва ҳанӯз намоён нашудааст, ки мо чӣ гуна мешавем. Лекин ҳаминро медонем, ки ҳангоми зоҳир шудани Масеҳ мисли Ӯ хоҳем шуд, чунки Ӯро ҳамон тавре ки ҳаст, хоҳем дид.