Он гоҳ иблиси васвасакор назди Ӯ омада гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас ба ин сангҳо фармон деҳ, ки нон шаванд».
TSK
TSK · John 20:31
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
¶ Вақте сардори лашкар ва ҳамроҳонаш, ки Исоро назорат мекарданд, заминҷунбию дигар ҳодисаҳоро диданд, сахт тарсида гуфтанд, ки Исо дар ҳақиқат Писари Худо будааст.
¶ то дуруст будани таълимотеро, ки аз он хабар ёфтаед, бидонед.
«Устод, Ту Писари Худо ва Подшоҳи Исроил ҳастӣ!» — гуфт Натаноил.
¶ Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ҳукм карда намешавад, аммо ҳар кӣ имон наоварад, аллакай ҳукм карда шудааст, чунки ба номи Писари ягонаи Худо имон наовардааст.
¶ Ба шумо рост мегӯям, ҳар кӣ сухани Маро мешунавад ва ба фиристандаи Ман имон меоварад, соҳиби ҳаёти абадӣ мебошад. Ӯ ҳукм карда намешавад, балки аллакай аз марг ба ҳаёт гузаштааст.
Зеро иродаи Падари Ман ин аст: ҳар кас ки Писарро бинаду ба Ӯ имон оварад, ҳаёти абадӣ ба даст оварад ва дар рӯзи қиёмат Ман ӯро зинда мекунам».
¶ Вақте Исо фаҳмид, ки он мардро берун ронданд, вайро ёфта пурсид: «Ту ба Фарзанди Инсон имон дорӣ?»
¶ (Касе, ки тамоми ин ҳодисаҳоро дидааст, шаҳодат медиҳад, то шумо низ имон оваред. Шаҳодати ӯ рост аст ва ӯ медонад, ки ҳақиқатро мегӯяд).
Ҳар кӣ Писарро рад кунад, бо Падар буда наметавонад ва ҳар кӣ Писарро қабул кунад, Падарро ҳам қабул мекунад.
¶ Ҳар касе, ки ба Таъиншудаи Худо будани Исо бовар мекунад, таваллуди нав аз Худо гирифтааст ва ҳар кӣ падарро дӯст дорад, фарзандашро низ дӯст медорад.
Мо боз медонем, ки Писари Худо омад ва ба мо қобилияти фаҳмиданро додааст, то мо ҳамонеро, ки ростӣ аст, шиносем. Мо бошем, дар ҳамоне, ки ростист ва дар Писари Ӯ Исои Масеҳ ҳастем. Ӯ Худои ҳақиқӣ ва ҳаёти абадӣ аст.