¶ Дар он рӯзҳои иди Балогардон, ки Исо дар Ерусалим буд, мардуми бисёре мӯъҷизаҳои Ӯро дида ба Ӯ имон оварданд.
TSK
TSK · John 5:36
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
Зеро Худо Писарро на барои ҳукм кардани ҷаҳон фиристод, балки барои он, ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад.
Аммо Ман шоҳиди дигаре дорам ва медонам, ки шоҳидии ӯ дар бораи Ман ҳаққонист.
Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ман ба шумо аллакай гуфта будам, вале шумо ба Ман бовар намекунед. Он корҳое, ки Ман аз номи Падари худ иҷро мекунам, дар бораи Ман шаҳодат медиҳанд,
Лекин баъзеи онҳо гуфтанд: «Ӯ, ки чашмони кӯрро бино карда буд, магар Лаъзорро аз марг нигоҳ дошта наметавонист?»
Агар Ман дар байни онҳо он корҳоеро, ки касе накардааст, намекардам, онҳо гуноҳ намедоштанд. Вале акнун онҳо он корҳоро диданд ва бо вуҷуди ин аз Ман ва ҳам аз Падарам нафрат доранд.
Ин ҳам шаҳодати Худо аст, ки Ӯ ба мо ҳаёти абадӣ бахшидааст ва ин ҳаёт дар Писари Ӯст.