TSK

TSK · John 6:27

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Back to passage

¶ Дар замин барои худ бойигарӣ ҷамъ накунед, ки дар ин ҷо куяву занг мезанад ва ғоратгарон зада даромада, онро медузданд.

Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Рӯбоҳон хона ва мурғони ҳаво лона доранд, аммо Ман, Фарзанди Инсон ҷое надорам, ки сарамро монда дам гирам».

Mark 1:11 TSK

Сипас аз осмон овозе садо дод: «Ту Писари азизи Ман ҳастӣ ва Ман аз Ту хушнудам».

Luke 3:22 TSK

Рӯҳи Муқаддас дар шакли кабӯтаре фаромада, дар болои Ӯ қарор гирифт ва садое аз осмон баромад, ки мегуфт: «Ту Писари азизи Ман ҳастӣ ва Ман аз Ту хушнудам!»

Luke 9:35 TSK

Ҳамин вақт аз абр овозе шунида шуд, ки мегуфт: «Ин Писари Ман аст, Ман Вайро интихоб кардаам. Ӯро гӯш кунед».

John 1:33 TSK

Худи ман Ӯро намешинохтам, вале Худо, ки маро барои бо об таъмид додан фиристод, ба ман гуфта буд: „Бар касе бинӣ, ки Рӯҳ бар Ӯ фаромада қарор мегирад, бидон, ки Вай ҳамон касест, ки бо Рӯҳи Муқаддас таъмид медиҳад“.

John 4:13 TSK

¶ Исо ҷавоб дод: «Ҳар касе ки аз ин об нӯшад, боз ташна хоҳад шуд.

John 6:28 TSK

¶ Онҳо аз Вай пурсиданд: «Барои иҷро кардани талаби Худо мо чӣ бояд кунем?»

John 6:51 TSK

Ман он нони ҳаётам, ки аз осмон фаромадааст. Ҳар кас ин нонро бихӯрад, ҳаёти абадӣ пайдо мекунад. Ноне, ки Ман медиҳам, бадани Ман аст, ки онро ба хотири зинда мондани ҷаҳон фидо мекунам».

John 6:58 TSK

Ин аст ноне, ки аз осмон поён фаромад. Вай монанди он ноне нест, ки аҷдодони шумо хӯрданд, вале аз марг наҷот наёфтанд. Аммо ҳар кӣ ин нонро бихӯрад, то абад зинда хоҳад монд».

John 8:18 TSK

Ман аз номи худам шаҳодат медиҳам ва Падаре, ки Маро фиристодааст, низ бар Ман шаҳодат медиҳад».

Агар Ман корҳои Падарамро ба амал наоварам, ба Ман имон наоваред!

Ман медонистам, ки Ту ҳамеша дуои Маро мешунавӣ, вале инро ба хотири мардуме, ки дар ин ҷо истодаанд, гуфтам, то онҳо имон оваранд, ки Маро Ту фиристодаӣ!»

Агар Ман дар байни онҳо он корҳоеро, ки касе накардааст, намекардам, онҳо гуноҳ намедоштанд. Вале акнун онҳо он корҳоро диданд ва бо вуҷуди ин аз Ман ва ҳам аз Падарам нафрат доранд.

Инчунин дар назди Худо-Падари мо имон ва муҳаббату умеди шуморо ба ёд меорем. Яъне корҳои шуморо, ки бо имон содир кардед, меҳнатеро, ки бо муҳаббат мекунед, умедеро, ки ба Худованд Исои Масеҳ доред ва онро нигоҳ медоред.

Чуноне ки аз нурҳои сӯзони офтоб сабзаҳо хушкида ва баргҳои гул рехтаву аз зебоиаш чизе боқӣ намемонад, сарватманд низ ҳангоми саргармии машғулияташ аз ин дунё меравад.