TSK

TSK · John 6:53

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Back to passage

Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳанӯз ки замину осмон ҳаст, то мақсади ин шариат пурра амалӣ нагардад, ягон рах ё нуқтае аз ҳарфи он нест намешавад.

ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, то тарзи фикррониатонро тағйир дода, монанди кӯдакон нашавед, ҳаргиз ба подшоҳии Худо дохил шуда наметавонед.

Luke 13:3 TSK

Не, мегӯям ба шумо! Вале, агар тавба карда, аз гуноҳҳоятон даст накашед, ҳамаатон монанди онҳо нобуд мешавед.

John 3:3 TSK

Исо дар ҷавоб ба ӯ гуфт: «Ба ту рост мегӯям, то касе аз нав таваллуд наёбад, ҳаргиз подшоҳии Худоро дида наметавонад».

John 3:36 TSK

Ҳар кӣ ба Писар имон меоварад, соҳиби ҳаёти абадӣ мешавад, аммо ҳар кӣ ба Писар итоат намекунад, ҳеҷ гоҳ ҳаёт нахоҳад дид ва гирифтори ғазаби Худо мегардад».

John 6:47 TSK

Ба шумо рост мегӯям, он ки имон дорад, ҳаёти абадӣ ёфтааст.

John 13:8 TSK

Он гоҳ Петрус ба Ӯ гуфт: «Ҳаргиз пойҳои маро намешӯӣ». «Агар нашӯям, ту бо Ман шарик намешавӣ!» — ҷавоб дод Исо.

Ҳар кӣ бо Писар аст, ин ҳаётро дорад ва ҳар кӣ бо Писари Худо нест, ин ҳаётро надорад.