TSK

TSK · John 8:24

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Back to passage
Mark 13:6 TSK

Зеро бисёр касоне пайдо мешаванд, ки гӯё аз номи Ман омада бошанду „Ман ҳамонам“ мегӯянд ва бисёр одамонро гумроҳ мекунанд.

Luke 21:8 TSK

Ӯ ҷавоб дод: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо шуморо гумроҳ накунанд, зеро бисёр касоне пайдо мешаванд, ки гӯё аз номи Ман омада бошанду „Ман ҳамонам!“ ва ё „Вақташ расид!“ мегӯянд. Аз паси онҳо наравед!

John 3:36 TSK

Ҳар кӣ ба Писар имон меоварад, соҳиби ҳаёти абадӣ мешавад, аммо ҳар кӣ ба Писар итоат намекунад, ҳеҷ гоҳ ҳаёт нахоҳад дид ва гирифтори ғазаби Худо мегардад».

John 8:21 TSK

¶ Исо боз ба онҳо гуфт: «Ман баъд аз чанд вақт меравам. Шумо Маро ҷустуҷӯ мекунед, вале бо гуноҳатон хоҳед мурд. Инчунин ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо рафта наметавонед».