TSK

TSK · John 8:55

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Back to passage

¶ Падарам ҳама чизро ба Ман додааст. Ба ғайр аз Падар дигар ҳеҷ кас Писарро нағз намешиносад. Инчунин, Падарро ҳеҷ кас нағз намешиносад, ғайр аз Писар ва онҳое, ки Писар интихоб кардааст, то барояшон Падарро зоҳир кунад.

John 1:18 TSK

Худоро ҳеҷ гоҳ касе надидааст. Ӯро фақат Писари яккаву ягона, ки ҳамеша бо Падар аст, барои мо ошкор кардааст.

John 7:28 TSK

¶ Он гоҳ Исо, ки дар Хонаи Худо машғули таълимдиҳӣ буд, хитоб карда гуфт: «Шумо Маро ва аз куҷо буданамро медонед-а? Ман аз номи худам наомадаам. Касе ки Маро фиристодааст, ҳақ аст. Шумо Ӯро намешиносед, вале

John 8:29 TSK

Фиристандаи Ман бо Ман аст, Ӯ Маро танҳо нагузоштааст, зеро Ман ҳамеша кори табъи дили Ӯро мекунам».

John 8:51 TSK

Ба шумо рост мегӯям: касе ки гуфтаҳои Маро иҷро мекунад, ҳаргиз нахоҳад мурд».

Айнан чӣ тавре ки Ман фармонҳои Падарамро иҷро кардаму дар муҳаббаташ мондам, шумо низ агар фармонҳои Маро иҷро кунед, дар муҳаббати Ман мемонед.

John 16:3 TSK

Онҳо аз сабаби он чунин рафтор мекунанд, ки на Падар ва на Маро мешиносанд.

Ҳар касе, ки «ман Худоро шинохтаам» мегӯяду фармонҳои Ӯро иҷро намекунад, дурӯғгӯй аст ва ростӣ дар вуҷудаш нест.

Касе, ки ба Писари Худо бовар мекунад, дар дили худ ин шаҳодатро дорад. Аммо ҳар кӣ ба Худо бовар намекунад, Ӯро дурӯғгӯй месозад, чунки ба шаҳодате, ки Худо дар бораи Писараш додааст, бовар накард.