TSK

TSK · Luke 10:21

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Back to passage

¶ Сипас Исо гуфт: «Шукри Туро мекунам, эй Падар — Худованди замину осмон, ки он чи аз одамони маълумотноку хирадманд пинҳон кардӣ, ба одамони оддӣ ошкор намудаӣ.

¶ Он гоҳ Исо ба Петрус гуфт: «Чӣ хел хушбахт ҳастӣ, Шимъӯн, писари Юҳанно! Чунки инро ба ту на одамизод, балки Падари Ман, ки дар осмон аст, ошкор кардааст.

Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар касе, ки подшоҳии Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ҳеҷ гоҳ ба ин подшоҳӣ дохил намешавад».

Luke 15:9 TSK

Ва чун ёбад, дугонаҳову ҳамсоягони худро ҷеғ зада мегӯяд: „Бо ман хурсандӣ кунед, чун тангаи гумкардаамро ёфтам“.

¶ Эй Падар, мехоҳам, онҳое ҳам, ки Ту ба Ман бахшидаӣ, ҳамроҳи Ман дар он ҷое бошанд, ки Ман мешавам ва он шӯҳрату ҷалолеро бубинанд, ки Ту ба Ман додаӣ, зеро Ту Маро пеш аз офариниши олам дӯст дошта будӣ.