TSK

TSK · Mark 10:39

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Back to passage

Барои шогирд басанда аст, ки монанди устодаш шавад ва барои хизматгор кофист, ки монанди хоҷааш шавад. Агар сардори хонадонро Баал-Забул, сардори девҳо номида бошанд, пас аъзоёни хонадонро чӣ қадар бадтар меноманд.

Сипас гуфт: «Эй Падарҷон, бароят ҳама чиз имконпазир аст. Ин косаи азобро аз сари Ман дур кун. Аммо на хости Ман, хости Ту шавад».

Дар хотир доред, ки Ман ба шумо чӣ гуфта будам: „Хизматгор аз хоҷаи худ бузургтар нест“. Пас, агар Маро барои азоб додан дунболагирӣ карда бошанд, шуморо низ дунболагирӣ мекунанд. Агар суханони Маро иҷро карда бошанд, суханони шуморо низ иҷро мекунанд.