TSK

TSK · Mark 14:13

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Back to passage

Охир ман як фармонбардор ҳастам ва зери итоати худ низ сарбозонро дорам. Вақте ки ба яке „бирав“ мегӯям, меравад, ба дигаре „биё“ мегӯям, меояд ва агар ба ғуломам „фалон корро бикун“ гӯям, ӯ албатта он корро иҷро мекунад».

Mark 11:2 TSK

ба онҳо гуфт: «Ба қишлоқи дар пешистода равед. Ҳамин ки ба он ҷо мерасед, харкурраи бастаеро мебинед, ки ҳанӯз ба он касе савор нашудааст. Бандашро кушода, онро ба ин ҷо биёред.

Исо ба онҳо дар ҷавоб гуфт: «Вақте ки ба шаҳр медароед, шуморо марде пешвоз мегирад, ки кӯзаи об бардошта мебарад. Аз ақибаш то ба хонае, ки вай медарояд, биравед.

Агар фармонҳои Маро иҷро кунед, шумо дӯстони Ман ҳастед.