TSK

TSK · Mark 4:26

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Back to passage

¶ Аз ҳамин вақт Исо ба эълон кардани чунин пайғоми худ оғоз намуд: «Тавба кунед ва аз гуноҳҳоятон даст кашед, чунки подшоҳии Худо наздик аст!»

Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Худо ба шумо имконияти фаҳмидани сирру асрори подшоҳии худро додааст, аммо аз онҳо ин чизҳо пинҳон ҳастанд.

¶ Исо ба онҳо боз масали дигареро нақл карда гуфт: «Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин: шахсе донаи хардалро гирифта, дар замини худ мекорад.

Mark 4:3 TSK

¶ «Гӯш кунед! Рӯзе як деҳқон барои кишт кардан мебарояд.

Luke 8:5 TSK

«Рӯзе як деҳқон барои киштани донаҳои худ мебарояд. Вақте ки дона мепошад, миқдоре аз онҳо ба пайраҳа афтода поймол мешавад ва паррандаҳо омада, онҳоро аз замин чида пок-покиза мехӯранд.

¶ Исо гуфт: «Подшоҳии Худо ба чӣ монанд аст? Ман онро ба чӣ ташбеҳ диҳам?

Ба шумо рост мегӯям: то донаи гандум ба замин афтида намирад, вай як донаи танҳо мемонад, аммо агар бимирад — ҳосили зиёд меоварад.

Шахсони сулҳпарвар тухми сулҳро мекоранд ва ҳосилашро, ки адолат аст, ба даст меоваранд.