Исо ба онҳо гуфт: «Омада Маро пайравӣ кунед, то ба ҷои моҳӣ ҷамъ кардани мардумро ба шумо омӯзам».
TSK
TSK · Matthew 19:21
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
Бинобар ин шумо беайбу нуқсон бошед монанди Падари осмонии худ, ки беайбу нуқсон аст».
Лекин Исо ба вай ҷавоб гардонда гуфт: «Аз паси Ман биё ва бимон, ки мурдагон мурдаҳои худро ба хок супоранд».
¶ Он гоҳ Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ҳар каси шумо, ки пайрави Ман шудан хоҳад, бояд аз манфиатҳои худ даст кашида, салиби азобу маргашро бардошта барад ва он гоҳ Маро пайравӣ кунад.
Ҳангоме Исо роҳашро давом дод Левии писари Ҳалфиро дид, ки ба ҷамъоварии андозу хироҷ машғул буд, ба ӯ гуфт: «Биё, пайрави Ман шав». Левӣ бархест ва аз паси Ӯ равона шуд.
¶ Исо ба ӯ бо нигоҳи гарму пурмеҳр гуфт: «Ба ту фақат як чиз намерасад: бирав, ҳар чӣ, ки дорӣ, бифурӯш ва пулашро ба бечорагон тақсим бикун, он гоҳ соҳиби ганҷинаи осмонӣ мегардӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо».
Шогирд аз устодаш болотар нест. Аммо вақте ки донишашро пурра мекунад, ба устодаш баробар мешавад.
Он чиро, ки доред, бифурӯшеду ба камбағалон садақа диҳед. Ҳамёнҳоеро ба даст оред, ки ҳеҷ вақт намедаранд. Дар осмон бойигариеро ҷамъ кунед, ки ҳеҷ вақт тамом намешавад, чунки дасти дузд ба он ҷо намерасад ва куя онро намезанад.
¶ Пас, Ман ба шумо мегӯям: Пулу моли ин дунёро ба он сарф намоед, ки барои худ дӯстонро пайдо бикунед, то дар вақти тамом шудани бойигариатон онҳо шуморо дар хонаҳои абадӣ қабул кунанд.
Гӯсфандони Ман овози Маро мешунаванд. Ман онҳоро мешиносам ва онҳо аз паси Ман меоянд.