¶ Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Касе, ки луқмаашро ҳамроҳи Ман ба як коса тар мекунад, ба Ман хиёнат мекунад.
TSK
TSK · John 13:18
مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.
Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Магар Ман худам дувоздаҳ шогирдро интихоб накардаам? Вале як нафар аз байни шумо шайтон аст!»
Исо ҷавоб дод: «Ба кӣ луқмаи нонро дар коса тар карда диҳам, ҳамон аст». Баъд луқмаи нонро тар карда, ба Яҳудои писари Шимъӯни Исқарют дод.
Агар шумо аз ин ҷаҳон мебудед, ҷаҳон шуморо ҳамчун аз они худ дӯст медошт. Вале, аз сабаби он ки Ман шуморо аз ин ҷаҳон интихоб карда гирифтам ва шумо аз ин ҷаҳон нестед, ин ҷаҳон аз шумо нафрат дорад.
Бори сеюм Исо ба ӯ гуфт: «Эй Шимъӯни писари Юҳанно, ту Маро дӯст медорӣ?» Петрус ғамгин шуд, ки Исо бори сеюм аз ӯ мепурсад, ки Ӯро дӯст медорад ё не. «Худованд, ба Ту ҳама чиз маълум аст, — гуфт ӯ ба Исо. — Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам». Исо ба ӯ гуфт: «Гӯсфандони Маро чарон.