Ҳар кӣ бадани Маро бихӯрад ва хуни Маро бинӯшад, вай дар Ман зиндагӣ мекунад ва Ман дар ӯ.
TSK
TSK · John 14:19
مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.
¶ Исо боз ба онҳо гуфт: «Ман баъд аз чанд вақт меравам. Шумо Маро ҷустуҷӯ мекунед, вале бо гуноҳатон хоҳед мурд. Инчунин ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо рафта наметавонед».
Исо ба онҳо гуфт: «Боз муддати кӯтоҳе равшанӣ бо шумо мемонад. Ҳанӯз ки равшанӣ доред, роҳ равед, то ки торикӣ шуморо фаро нагирад, зеро ҳар кӣ дар торикӣ роҳ меравад, ҷои мерафтагиашро намедонад.
Исо ба ӯ гуфт: «Ман роҳ, ростӣ ва ҳаёт ҳастам. Ҳеҷ кас пеши Падар намеояд, магар ин ки фақат ба воситаи Ман.
Инак, шумо ҳам ҳоло ғамгин ҳастед, аммо Ман шуморо боз мебинам ва дилҳои шумо аз шодӣ пур мешаванд ва он шодиро ҳеҷ кас аз шумо гирифта наметавонад.
¶ Мо ба шумо дар бораи Каломи ҳаёт эълон мекунем, ки Ӯ аз ибтидо буд. Мо Ӯро шунидему бо чашмони худ дидем, инчунин ба Ӯ нигоҳ кардему ба Ӯ даст расондем.