TSK

TSK · John 18:11

مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.

العودة إلى المقطع

¶ Инро гуфта Исо каме дуртар рафт ва худро рӯи замин партофта дуо кард: «Падарҷонам, агар илоҷе бошад, бигзор ин косаи азоб аз сари Ман дур шавад! Лекин бигзор на хости Ман, балки хости Ту иҷро шавад».

¶ Исо ҷавоб дод: «Шумо намефаҳмед, ки чиро талаб карда истодаед. Магар аз он косае, ки Ман бояд бинӯшам, нӯшида метавонед ва магар бо он азоби марговаре, ки Ман таъмид мегирам, шумо ҳам таъмид гирифта метавонед?»

Ин ғами асосии тамоми халқҳои дигар аст, вале Падари шумо медонад, ки ҳамаи ин чизҳо ба шумо лозиманд.

¶ Сангро дур карданд. Исо ба боло нигоҳ карда гуфт: «Эй Падар, шукри Туро мекунам, ки дуои Маро шунидӣ.

Айнан чӣ тавре ки Ман фармонҳои Падарамро иҷро кардаму дар муҳаббаташ мондам, шумо низ агар фармонҳои Маро иҷро кунед, дар муҳаббати Ман мемонед.

Исо гуфт: «Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест. Агар подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон мебуд, одамони зердастам меҷангиданд, то ки Ман ба дасти ҳукуматдорони яҳудӣ таслим нашавам. Не, подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест».