TSK

TSK · John 7:29

مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.

العودة إلى المقطع

¶ Падарам ҳама чизро ба Ман додааст. Ба ғайр аз Падар дигар ҳеҷ кас Писарро нағз намешиносад. Инчунин, Падарро ҳеҷ кас нағз намешиносад, ғайр аз Писар ва онҳое, ки Писар интихоб кардааст, то барояшон Падарро зоҳир кунад.

John 3:16 TSK

Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, намирад, балки ҳаёти абадӣ дошта бошад.

John 8:55 TSK

Шумо ҳеҷ вақт Ӯро намешинохтед, вале Ман Ӯро мешиносам. Агар Ман мегуфтам, ки Ӯро намешиносам, монанди шумо дурӯғгӯй мешудам. Вале Ман Ӯро мешиносам ва гуфтаҳои Ӯро ба ҷо меорам.

Чунон ки Ту Маро ба ҷаҳон фиристодаӣ, ҳамин тавр Ман ҳам онҳоро ба ҷаҳон фиристодаам.

Ин ҳаёт намоён шуд. Мо Ӯро дидем ва ба шумо дар борааш шаҳодат медиҳем. Мо дар бораи ин ҳаёти абадӣ хабар медиҳем, ки Ӯ бо Падари Осмонӣ буд ва ба мо намоён шуд.

Инчунин мо бо чашми худ дидем ва шаҳодат медиҳем, ки Падар Писари худро ҳамчун Наҷотдиҳандаи ҷаҳон фиристодааст.