Шумо дар навбати аввал ҷӯяндаи подшоҳии Худо ва иҷрошавии хости Ӯ бошед ва Ӯ ҳамаи ин чизҳоро низ ба шумо медиҳад.
TSK
TSK · Mark 10:30
مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.
Matthew 6:33
TSK
Matthew 13:44
TSK
¶ Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин: рӯзе як мардикор дар саҳро ганҷинаи касе пинҳонкардаро меёбаду онро боз пинҳон мекунад. Аз шодӣ ӯ рафта тамоми дороияшро мефурӯшаду ҳамон саҳроро мехарад.
James 1:12
TSK
¶ Хушбахт он касест, ки дар вақти санҷишҳо сабру тоқат дорад, зеро ҳангоме ки аз ин гуна имтиҳони зиндагӣ мегузарад, тоҷи ҳаётро ба даст меорад. Ин тоҷро Худо ба дӯстдорони худ ваъда додааст.
1 John 3:1
TSK
¶ Бинед, ки Падар чӣ қадар моро дӯст доштааст, ки мо фарзандони Ӯ номида мешавем ва ҳам фарзандони Ӯ ҳастем. Сабабе, ки ҷаҳон моро намешиносад дар он аст, ки он Худоро нашинохт.