¶ Дар он айём овоза дар бораи Исо то ба гӯши Ҳиродус, ки ҳокими вилояти Ҷалил буд, рафта расид.
TSK
TSK · Mark 6:14
مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.
Вале он мард берун баромада ошкоро ин хабари хушро паҳн мекард. Барои ҳамин Исо дигар озодона ба шаҳр даромада натавонист, балки дар саҳро монд. Бо вуҷуди ин, мардум аз ҳама ҷо ба назди Ӯ меомаданд.
¶ Онҳо ҷавоб доданд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Шумо Яҳёи Таъмиддиҳанда ҳастед, дигарон, ки Илёс пайғамбаред, қисми дигари одамон мегӯянд, ки Шумо яке аз пайғамбарони гузашта ҳастед».
Одамон дар тамоми Яҳудия ва гирду атрофи он дар бораи Исо нақл мекарданд.
¶ Ҳамин вақт чанд нафар аз фарисиён ба назди Исо омада гуфтанд: «Ба шумо лозим аст, ки аз ин ҷо баромада раведу сафаратонро давом диҳед, зеро Ҳиродус мехоҳад шуморо бикушад».
Акнун каломи Худованд аз тарафи шумо на танҳо дар Мақдуния ва Охоия, балки дар ҳама ҷое, ки дар бораи имони шумо шунидаанд, паҳн гардид. Барои ҳамин лозим нест, ки дар бораи имони шумо ба касе гӯем.