¶ Ҳанӯз вай суханашро тамом накарда, абри тобоне пайдо шуда, онҳоро бо сояаш фаро гирифт ва аз даруни он овозе шунида шуд: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз Ӯ хушнудам. Ӯро гӯш кунед».
TSK
TSK · Mark 9:7
مراجع Treasury of Scripture Knowledge في Части Библии в таджикском.
Ӯ ба Худо умед мебаст ва мегуфт, ки Писари Худо аст. Канӣ ҳоло мебинем, ки Худо Вайро наҷот додан мехоҳад ё не?!»
Сипас аз осмон овозе садо дод: «Ту Писари азизи Ман ҳастӣ ва Ман аз Ту хушнудам».
Ман инро дидам ва шаҳодат медиҳам, ки Ӯ Писари Худост».
Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, намирад, балки ҳаёти абадӣ дошта бошад.
Зеро Падар ҳеҷ касро ҳукм намекунад, балки ҳукм карданро пурра ба Писар супоридааст,
Мо имон овардем ва фаҳмидем, ки Ту Шахси Муқаддаси Худо ҳастӣ».
Онҳо ба ӯ ҷавоб доданд: «Мо дар шариат қонун дорем, ки мувофиқи он Ӯ бояд бимирад, чунки худро Писари Худо эълон кардааст».
Муҳаббати Худо ба мо ин тавр намоён шудааст, ки Ӯ Писари ягонаи худро ба ҷаҳон фиристод, то ки мо ба воситаи Ӯ ҳаёти абадӣ ба даст оварем.
Мо боз медонем, ки Писари Худо омад ва ба мо қобилияти фаҳмиданро додааст, то мо ҳамонеро, ки ростӣ аст, шиносем. Мо бошем, дар ҳамоне, ки ростист ва дар Писари Ӯ Исои Масеҳ ҳастем. Ӯ Худои ҳақиқӣ ва ҳаёти абадӣ аст.