TSK

TSK · James 2:14

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Back to passage

Зеро ба шумо мегӯям, ки агар ҳатто аз шариатдонону фарисиён дида хости Худоро пурратар иҷро накунед, ҳаргиз ба подшоҳии Худо дохил намешавед.

Вале ҳар касе, ки ҳамаи гуфтаҳои Маро мешунаваду онҳоро иҷро намекунад, монанди бинокори беақлест, ки хонаашро дар болои хок сохта буд.

Инчунин дар назди Худо-Падари мо имон ва муҳаббату умеди шуморо ба ёд меорем. Яъне корҳои шуморо, ки бо имон содир кардед, меҳнатеро, ки бо муҳаббат мекунед, умедеро, ки ба Худованд Исои Масеҳ доред ва онро нигоҳ медоред.

¶ Худро фиреб дода, гумон накунед, ки фақат шунидани каломи Худо басанда аст, балки гуфтаҳои онро ба ҷо оваред.

¶ Шояд касе мегӯяд: «Яке имон дорад, дигаре бошад, амал мекунад». Ман мегӯям: «Канӣ ба ман имони беамалро нишон деҳ ва ман ба ту дар амали худ имонамро нишон медиҳам».