Лекин иҷоракорон писарро дида, ба якдигар мегӯянд: „Вай меросхӯр аст! Биёед, ӯро мекушем ва ба меросаш соҳиб мешавем!“
TSK
TSK · James 5:6
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
Ё ба фикрат Ман аз Падарам мадад талаб карда наметавонам? Агар талаб кунам, Вай дарҳол зиёдтар аз дувоздаҳ лашкари фариштагонро мефиристад.
¶ Пилотус дид, ки дигар ҳеҷ чорае надорад, дар акси ҳол шӯриш сар шуданаш мумкин буд, дар пеши назари тамоми мардум об гирифта дастонашро шуста гуфт: «Ба хунрезии ин одам ман ҷавобгар нестам! Шумо худатон қарор кунед!»
Шуморо аз ибодатхонаҳо ҷудо мекунанд. Ҳатто чунон замоне фаро мерасад, ки кушандагони шумо фикр мекунанд, ки бо ин корашон ба Худо хизмат мекунанд.
Шумо чизеро сахт мехоҳед, аммо ба даст намеоред ва барои ҳамин одамкушӣ мекунед. Шумо ҳамчунон чизеро сахт ҳавас мекунед, аммо боз ҳам ба мақсадатон намерасед, бинобар ин гирифтори ҷангу моҷаро мешавед. Сабаби ба даст наовардани чизи дилхоҳатон дар он аст, ки аз Худо хоҳиш намекунед.