Мардуме, ки дар торикии гуноҳ зиндагӣ мекарданд, равшании дурахшонро диданд ва бар онҳое, ки дар ин ноҳия таҳти сояи марг мезистанд, равшанӣ дурахшид».
TSK
TSK · John 1:4
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
Вай нурест, ки барои ғайрияҳудиён роҳи Туро равшан мекунад ва ба халқи Исроилат шӯҳрат меорад».
Ҳамон тавр ки Падар мурдагонро зинда мекунад ва ба онҳо ҳаёт мебахшад, ҳамчунин Писар, ба ҳар кӣ хоҳад, ҳаёт мебахшад.
¶ Исо боз ба мардум гуфт: «Ман нури ҷаҳон ҳастам. Касе, ки аз паси Ман меравад, дар торикӣ намегардад, балки нури ҳаёт бо ӯст».
Исо гуфт: «Ман каси зиндакунанда ва ҳаётбахш ҳастам. Касе ки ба Ман имон дорад, бимирад ҳам, аз нав зинда мешавад.
Ман ҳамчун равшанӣ ба ҷаҳон омадаам, то ҳар кӣ ба Ман имон оварад, дар торикӣ намонад.
Ин ҳаёт намоён шуд. Мо Ӯро дидем ва ба шумо дар борааш шаҳодат медиҳем. Мо дар бораи ин ҳаёти абадӣ хабар медиҳем, ки Ӯ бо Падари Осмонӣ буд ва ба мо намоён шуд.
Ин ҳам шаҳодати Худо аст, ки Ӯ ба мо ҳаёти абадӣ бахшидааст ва ин ҳаёт дар Писари Ӯст.