TSK

TSK · John 1:51

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Back to passage

¶ Он гоҳ иблис Исоро монда рафту фариштагон омада, ба Исо хизмат карданд.

Пас, Ман ба шумо исбот мекунам, ки Фарзанди Инсон дар рӯи замин қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад, — сипас ба шал нигариста гуфт, — Бархез, ҷойгаҳатро бардошта ба хонаат рав!»

Фарзанди Инсон бо шӯҳрату ҷалоле, ки Падараш ба Ӯ медиҳад, ҳамроҳи фариштаҳои худ меояд ва ба ҳама он чиро, ки мувофиқи амалашон сазовор мешаванд, медиҳад.

Бо Фарзанди Инсон он чӣ дар навиштаҷот дар борааш навишта шудааст, рӯй медиҳад. Аммо вой бар ҳоли он касе, ки ба Фарзанди Инсон хиёнат мекунад. Барои вай беҳтар мешуд, ки ҳаргиз ба дунё наояд!»

¶ Исо гуфт: «Ҳастам ва рӯзе Фарзанди Инсонро мебинед, ки аз тарафи рости Худои Пурқудрат нишаста дар рӯи абрҳои осмон меояд».

Luke 2:13 TSK

Ногаҳон бо он фаришта дар осмон ҳазор-ҳазор фариштаҳои дигар пайдо шуданд, ки Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд:

Аз осмон фариштае зоҳир шуд ва ба Ӯ қувват бахшид.

Luke 24:4 TSK

Занҳо ҳайрон шуда меистоданд, ки баногоҳ дар пеши назарашон ду одам пайдо шуданд, ки дар тан либосҳои дурахшон доштанд.

John 3:5 TSK

¶ Исо ҷавоб дод: «Ба ту рост мегӯям, агар касе аз об ва Рӯҳ таваллуд нашавад, ба подшоҳии Худо дохил шуда наметавонад.

John 5:19 TSK

¶ Аммо Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Ба шумо рост мегӯям, Писар бо ихтиёри худ ҳеҷ кореро карда наметавонад, фақат он чӣ мебинад, ки Падар мекунад, Писар низ мекунад. Ҳар чӣ Падар мекунад, ҳамонро Писар ҳам мекунад.

John 5:27 TSK

Инчунин Ӯ ба Писар қудрати ҳукм карданро додааст, зеро Писар Фарзанди Инсон аст.

John 6:32 TSK

Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба шумо рост мегӯям, ки нонро аз осмон ба шумо Мӯсо надодааст, ин Падари Ман аст, ки ба шумо аз осмон нони ҳақиқӣ медиҳад.

John 6:53 TSK

Исо ба онҳо гуфт: «Ба шумо рост мегӯям, ки агар бадани Фарзанди Инсонро нахӯред ва хуни Ӯро нанӯшед, ҳаёт пайдо намекунед.

John 8:51 TSK

Ба шумо рост мегӯям: касе ки гуфтаҳои Маро иҷро мекунад, ҳаргиз нахоҳад мурд».

John 10:1 TSK

¶ Исо гуфт: «Ба шумо рост мегӯям, ҳар кӣ ба оғили гӯсфандон на аз дар, балки аз ҷои дигар гузашта дарояд, дузд ва роҳзан аст.

Исо ҷавоб дод: «Вақту соати он расидааст, ки тамоми шӯҳрату ҷалоли Фарзанди Инсон ошкор гардад!

Ба шумо рост мегӯям, ҳар кӣ фиристодаи Маро қабул кунад, Маро қабул мекунад ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, фиристандаи Маро қабул мекунад».

Ба шумо рост мегӯям, ҳар кӣ ба Ман имон оварад, корҳоеро, ки Ман мекунам, вай ҳам мекунад ва ҳатто корҳои бузургтар аз он мекунад, чунки Ман ба назди Падарам меравам.

¶ Он рӯз шумо аз Ман чизе намепурсед. Ба шумо рост мегӯям, ҳар чиро ки бо номи Ман аз Падар талаб кунед, Ӯ ба шумо хоҳад дод.