Вале Исо хомӯш буд. Бори дигар сарвари рӯҳониён ба Ӯ гуфт: «Ба Худои зинда бигӯ, ки Ту ҳамон Таъиншуда ва Писари Худо ҳастӣ?»
TSK
TSK · John 10:36
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
¶ Вақте сардори лашкар ва ҳамроҳонаш, ки Исоро назорат мекарданд, заминҷунбию дигар ҳодисаҳоро диданд, сахт тарсида гуфтанд, ки Исо дар ҳақиқат Писари Худо будааст.
Зеро Худо Писарро на барои ҳукм кардани ҷаҳон фиристод, балки барои он, ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад.
Аммо Исо ба онҳо ҷавоб дода гуфт: «Падари Ман ҳамеша кор мекунад ва Ман низ ҳамеша кор мекунам».
¶ Вале Ман шаҳодати бузургтар аз он, ки Яҳё дода буд, дорам. Он корҳое, ки барои иҷро кардан Падар ба Ман супоридааст ва худи он корҳое, ки Ман ба ҷо меоварам, шоҳиди онанд, ки Маро Падар фиристодааст!
Зеро Ман аз осмон на барои иҷро кардани иродаи худ, балки барои иҷро кардани иродаи фиристандаам фаромадаам.
Мо имон овардем ва фаҳмидем, ки Ту Шахси Муқаддаси Худо ҳастӣ».
¶ Вақте Исо фаҳмид, ки он мардро берун ронданд, вайро ёфта пурсид: «Ту ба Фарзанди Инсон имон дорӣ?»
Ман бо анҷом додани он коре, ки Ту ба Ман супорида будӣ, бароят дар рӯи замин шӯҳрат додам.
Чунон ки Ту Маро ба ҷаҳон фиристодаӣ, ҳамин тавр Ман ҳам онҳоро ба ҷаҳон фиристодаам.
Онҳо ба ӯ ҷавоб доданд: «Мо дар шариат қонун дорем, ки мувофиқи он Ӯ бояд бимирад, чунки худро Писари Худо эълон кардааст».
Вале ҳамаи ин барои он навишта шудааст, ки шумо ба Таъиншуда ва Писари Худо будани Исо имон овареду ба воситаи имон ба Ӯ ҳаёти абадӣ ёбед.