TSK

TSK · John 12:2

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Back to passage

¶ Исо он вақт дар деҳаи Байт-Ҳинӣ, дар хонаи Шимъӯн ном марде, ки пештар махав буд, меҳмон шуд.

Luke 5:29 TSK

¶ Левӣ дар хонаи худ барои Исо зиёфати калон орост. Шумораи зиёди андозгирон ва одамони дигар ҳамроҳашон дар гирди як дастархон менишастанд.

¶ Хушбахтанд хизматгороне, ки соҳибашон вақти баргашта омадан онҳоро бедор меёбад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки худи соҳиб миёнашро баста, онҳоро ба сари дастархон мешинонад ва ба онҳо хизмат мекунад.

Пас, кӣ бузургтар аст? Оне, ки дар сари дастархон нишастааст ва ё касе, ки ба вай хизмат мекунад? Магар на он касе, ки дар сари дастархон нишастааст? Вале Ман дар мобайни шумо мисли хизматгор ҳастам!

John 12:9 TSK

¶ Дар айни ҳол бисёре аз аҳолии Яҳудия дар Байт-Ҳинӣ будани Исоро дониста, ба он ҷо рафтанд. Вале онҳо на фақат ба хотири Исо, балки барои дидани Лаъзор ҳам, ки Исо ӯро зинда карда буд, ба он ҷо рафта буданд.