TSK

TSK · John 12:42

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Back to passage

¶ Петрус дар рӯи ҳавлӣ менишаст, ки яке аз канизакон ба наздаш омада гуфт: «Ту ҳам ба Исои Ҷалилӣ шарик будӣ».

Luke 12:8 TSK

¶ Ба шумо мегӯям: ҳар кӣ дар пеши мардум гӯяд, ки пайрави Ман аст, Фарзанди Инсон низ дар назди фариштагони Худо пайрави Ман будани ӯро тасдиқ мекунад.

John 7:13 TSK

Аммо ҳама аз роҳбарони яҳудиён тарсида, ошкоро дар бораи Ӯ сухане ҳам ба забон намегирифтанд.

John 9:22 TSK

Падару модари ӯ аз тарси роҳбарони яҳудӣ чунин ҷавоб доданд, зеро роҳбарони яҳудӣ чунин қарор карданд: ҳар кӣ Исоро Таъиншудаи Худо гӯяд, аз ибодатхона ҷудо карда мешавад.

¶ Бисёре аз яҳудиёне, ки назди Марям омада буданд, мӯъҷизаи Исоро дида ба Ӯ имон оварданд.

John 16:2 TSK

Шуморо аз ибодатхонаҳо ҷудо мекунанд. Ҳатто чунон замоне фаро мерасад, ки кушандагони шумо фикр мекунанд, ки бо ин корашон ба Худо хизмат мекунанд.

Дар дохили касоне, ки Писари Худо будани Исоро иқрор мекунанд, Худо сокин мебошад ва онҳо дар Худо сокин мебошанд.