Исо бошад гуфт: «Вале онҳое, ки каломи Худоро мешунаванду аз рӯи он амал мекунанд, хушбахттаранд».
TSK
TSK · John 14:21
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
¶ Ман шуморо бепарастор намегузорам: боз ба назди шумо бармегардам.
¶ Чӣ тавре ки Падар Маро дӯст медорад, ҳамон тавр Ман ҳам шуморо дӯст медорам. Дар муҳаббати Ман бимонед!
Ӯ Маро шӯҳрату ҷалол медиҳад, зеро Ӯ гуфтаҳои Маро гирифта, ба шумо нақл мекунад.
Ман дар онҳо ҳастам ва Ту дар Ман ҳастӣ, то онҳо дар ягонагии комил бошанду ҷаҳон бидонад, ки Ту Маро фиристодаӣ ва онҳоро ҳамон тарз дӯст медорӣ, ки Маро дӯст медорӣ.
Ана ҳамин тавр, гуфтаҳои навиштаҷот дар бораи Иброҳим, ки «Вай ба Худо имон оварду аз рӯйи он беайб ҳисоб шуд» иҷро гаштанд ва ӯ дӯсти Худо номида шуд.
Мо фақат ҳамон вақт Худоро ҳақиқатан дӯст медорем, ки фармонҳояшро иҷро кунем. Он гоҳ медонем, ки аз они Худо ҳастем.
Фарзандони азиз, биёед мо на бо забону сухан, балки дар амал ва ростӣ муҳаббатро нишон диҳем.
Муҳаббат бошад, дар ин аст, ки мо ба фармонҳои Худо итоат намуда, зиндагӣ кунем. Фармони Ӯ ҳамонест, ки аз аввал шунидаед, яъне бо роҳи муҳаббат равед.