¶ Ҳамин тавр, дар хонаи соҳиби токзор ба ғайр аз писари азизаш каси дигаре намонд. Оқибат, „писарамро ҳатман иззату эҳтиром мекунанд“ гуфта, писарашро фиристод.
TSK
TSK · John 3:16
Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.
Mark 12:6
TSK
John 1:14
TSK
¶ Инак, Калом инсон шуд ва дар миёни мо истиқомат дошт. Мо шӯҳрату ҷалоли Ӯро дидем, ки мисли ҷалоли фарзанди ягонаи Падар пур аз марҳамату ростӣ буд.
John 1:29
TSK
¶ Рӯзи дигар Яҳё ба наздаш омада истодани Исоро дида, гуфт: «Ана ин аст Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад!
John 3:36
TSK
Ҳар кӣ ба Писар имон меоварад, соҳиби ҳаёти абадӣ мешавад, аммо ҳар кӣ ба Писар итоат намекунад, ҳеҷ гоҳ ҳаёт нахоҳад дид ва гирифтори ғазаби Худо мегардад».
John 10:28
TSK
Ман ба онҳо ҳаёти абадӣ мебахшам ва онҳо ҳаргиз нобуд намешаванд ва касе наметавонад онҳоро аз дасти Ман бирабояд.
1 John 4:9
TSK
Муҳаббати Худо ба мо ин тавр намоён шудааст, ки Ӯ Писари ягонаи худро ба ҷаҳон фиристод, то ки мо ба воситаи Ӯ ҳаёти абадӣ ба даст оварем.