TSK

TSK · Luke 11:39

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Back to passage

¶ Худатон мулоҳиза кунед, дарахти солим меваи нағз медиҳад, дарахти касал бошад, меваи бад медиҳад. Пас, чӣ хел будани дарахт аз мевааш маълум мегардад.

¶ Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо беруни косаву пиёларо мешӯеду дарунашон бошад, аз он чизҳое, ки шумо бо зулму чашмгуруснагӣ ба даст овардаед, пур аст.

Вале Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ҳамон одамоне ҳастед, ки худро дар пеши мардум беайб нишон медиҳед, лекин Худо аз дилҳои шумо бохабар аст. Чизеро, ки одамон олидараҷа мешуморанд, дар назари Худо нафратовар аст.

John 13:2 TSK

¶ 2–3 Иблис аллакай ба дили Яҳудои писари Шимъӯни Исқарют фикри дар ҳаққи Исо хиёнат карданро ҷо карда буд. Исо медонист, ки Падар ҳама чизро ба дасти Ӯ супоридааст ва Ӯ аз ҷониби Худо омада, ба пеши Худо бармегардад. Аз ин рӯ, ҳангоми хӯроки шом

James 4:8 TSK

Ба Худо наздик шавед ва Ӯ низ ба шумо наздик мешавад. Шумо, эй гунаҳкорон, дастонатонро аз гуноҳ пок созеду шумо, эй дудилагон, дилҳоятонро тоза кунед.