TSK

TSK · Luke 21:17

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Back to passage

¶ Хушбахтед шумо, вақте ки мардум аз барои Ман шуморо дашном ва азоб медиҳанд ва дар ҳаққатон бо тӯҳмат ҳар гуна сухани бад мегӯянд.

¶ Баъд шуморо дастгир карда, азоб медиҳанд ва ҳатто ба дасти марг месупоранд. Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳамаи халқҳо ба шумо бо чашми нафрат нигоҳ мекунанд.

Luke 6:22 TSK

¶ Хушбахтед шумо, вақте ки мардум ба хотири Фарзанди Инсон аз шумо нафрат мекунанд, шуморо аз байнашон меронанд, дашном медиҳанд ва номатонро ба бадӣ бароварда аз шумо рӯй мегардонанд.

Агар шумо аз ин ҷаҳон мебудед, ҷаҳон шуморо ҳамчун аз они худ дӯст медошт. Вале, аз сабаби он ки Ман шуморо аз ин ҷаҳон интихоб карда гирифтам ва шумо аз ин ҷаҳон нестед, ин ҷаҳон аз шумо нафрат дорад.

Ман каломи Туро ба онҳо расондаам ва ҷаҳон аз онҳо нафрат кард, чунки онҳо аз ин ҷаҳон нестанд, ҳамон тавр ки Ман ҳам аз ин ҷаҳон нестам.