TSK

TSK · Luke 21:34

Treasury of Scripture Knowledge references in Части Библии в таджикском.

Back to passage

Ба замини хорзор афтодани донаҳо монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванд, аммо ғаму ташвиши зиндагӣ ва орзуи бойигарӣ каломро пахш менамояд ва дар натиҷа он ҳеҷ ҳосиле намеорад.

Mark 4:19 TSK

аммо ғаму ташвиши зиндагӣ, орзуи бойигарӣ ва майлу рағбат ба чизҳои дигар фикру хаёлашонро ба худ банд карда, каломро пахш менамоянд ва дар натиҷа онҳо ҳеҷ ҳосиле намеоранд.

¶ Пас шумо низ ҳушёр бошед, чун намедонед, ки соҳиби хона кай бармегардад, бегоҳӣ ё нимаи шаб, вақти ҷеғзании хурӯс ё бомдодон.

«Марто! Марто! — гуфт ба вай Худованд, — ту ғами бисёр чизҳоро хӯрда, даводав мекунӣ.

Вале агар он хизматгор фикр кунад, ки соҳибаш дер карда истодааст ва хизматгоронро, марду занро фарқ накарда, латукӯб кунад ва ба хӯрдану нӯшидану мастигарӣ машғул шавад,

Luke 21:8 TSK

Ӯ ҷавоб дод: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо шуморо гумроҳ накунанд, зеро бисёр касоне пайдо мешаванд, ки гӯё аз номи Ман омада бошанду „Ман ҳамонам!“ ва ё „Вақташ расид!“ мегӯянд. Аз паси онҳо наравед!

Зеро шумо хуб медонед, ки рӯзи Худованд ногаҳон фаро мерасад мисли дузде, ки шабона меояд.